Бозгушои гузаргоҳи марзии Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Узбекистон барои донишҷӯён
Гузаргоҳи марзӣ миёни шаҳрҳои Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Узбекистон дар Водии Зарафшон барои рафту омади донишҷӯён аз имрӯз 17 феврал бозгушоӣ шуд.
Ба гузориши сомонаи узбекистонии Газета.уз, қаблан низ ин гузаргоҳ ба рӯи мошинҳои борӣ, ки аз вилояти Самарқанд ба шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ва баракс рафту омад мекарданд боз шуда буд.
Узбекистон аз аввали октябри соли 2020 бо мурооти муқаррароти беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона марзҳои заминии худ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистонро боз кард.
Бар асоси ин муқаррарот шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ҳангоми вурӯд ба Узбекистон илова бар доштани гувоҳии озмоиши манфии Ковид 19 бояд бо ҳазинаи худ бори дигар дар гузаргоҳҳои марзӣ озмоиш шаванд.
Ҳамакнӯн се гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон шомили донишҷӯён,беморон ва афроде, ки дар ду тарафи марз бастагони наздик доранд, муҷозанд бо муҷаввизи ситодҳои кишварии муқобила бо вируси корона аз марзҳои муштараки заминӣ байни ду кишвар убӯр кунанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Таъсиси Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Узбекистон дар Хуҷанд
- Бозгушоии гузаргоҳи марзии Сарзм миёни Тоҷикистону Узбекистон
- Барқарории парвозҳои муназзам миёни Тоҷикистону Узбекистон аз моҳи март