Феврал 18, 2021 17:55 Asia/Dushanbe
  • Ғанӣ : Ниёзманди як тавофуқи ҳамаҷонибаем, ки ойинаи тамомнамои афғонҳо бошад
    Ғанӣ : Ниёзманди як тавофуқи ҳамаҷонибаем, ки ойинаи тамомнамои афғонҳо бошад

Раиси ҷумҳӯрии Афғонистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост гурӯҳи Толибонро таҳти фишор қарор диҳанд.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шафақнои Афғонистон,Ашрафғанӣ-раиси  ҷумҳӯрии Афғонистон бо интиқод аз ҷангталабии Толибон ва лузуми фишори ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар ин гурӯҳ гуфт: Хушунат роҳи ҳалли сиёсӣ нест, балки роҳи ҳалли сиёсӣ ниёзманди як тавофуқи ҳамаҷонибае аст, ки ойинаи тамомнамои афғонҳо бошад .

  Ашрафғанӣ афзуд: Мавзӯи фишори ҳамаҷониба бар гурӯҳи Толибон ва ҳомиёни онҳо ба як зарурати минтақаӣ табдил шудааст.

  Ин изҳороти Ашрафғанӣ дар ҳоле аст, ки хушунат ва хунрезӣ дар Афғонистон ташдид ва музокироти давлати Кобулу гурӯҳи Толибон ҳам ниматамом ва бидуни натиҷа дар Қатар раҳо шудааст.

 Ҳамзамон мавзӯи хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон низ мавриди ихтилофоти гурӯҳи Толибон ва мақомҳои Амрико ва НАТО аст.

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп