Идомаи талошҳои Амрико барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ
Дар шароите ки ҷойгоҳу нуфузи Амрико дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳоли аз даст рафтан аст, давлати Вашингтон аз рӯйи ночорӣ ва ба манзури ҳифзи ҷойи пойи худ дар ин минтақа, набарди дигареро оғоз кардааст.
Дар ҳамин иртибот, давлати Амрико ба баҳонаи кумак ба афзоиши зарфиятҳои ҷомеаи маданӣ, тарҳи ҳимояти молӣ аз расонаҳои озоди Узбакистонро дар дастури кор қарор додааст.
Вазорати умури хориҷаи Амрико ба паймонкорони фаъол дар Осиёи Марказӣ пешниҳод кардааст, ки дар заминаи густариши расонаҳои озоди маҳаллӣ дар Узбакистон фаъолият кунанд. Мизони кумаки бебозгашти давлати Амрико барои ҳар аз як паймонкорони ҳамростои сиёсатҳои Вашингтон дар Узбакистон аз 10 ҳазор доллар то 50 ҳазор доллар таъйин шудааст.
Дар ҳақиқат, давлати Амрико бо сарфи ҳазинаҳои ҳангуфти молӣ ва пардохти пул ба расонаҳои ӯзбак дар амал талош мекунад нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ густариш диҳад. Табиист, ки ин иқдоми Амрико ин кишвари султагарро дар муқобили Русия қарор хоҳад дод.
Коршиносон мегӯянд, ироаи кумакҳои молӣ ба кишварҳои заифи Осиёи Марказӣ, ба вижа кумак ба расонаҳо, аслитарин рӯйкарди Амрико барои густариши нуфуз дар Осиёи Марказӣ ба манзури таъмини манофеи ин кишвар аст. Тардиде нест, ки кумакҳои молии Амрико, аз ҷумлаи охирин тарфандҳои ин кишвар барои муқобила бо сиёсатҳои давлатҳои мустақил дар минтақаи Осиё Марказӣ аст.
Яке аз аҳдофи Амрико аз ироаи кумакҳои молӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон ба ҳар баҳонае қарор додани ин кишвар дар муқобили Русия аст. Намунаи ин сиёсати Амрико пеш аз ин дар иртибот бо Украина ва Гурҷистон таҷриба шудааст. Дар ҳақиқат, Амрико ибтидо бо пардохти миқдори андаке пул ба давлатҳо ва ё расонаҳои ин кишварҳо, ба таблиғот алайҳи Русия иқдом мекунад. Баъд аз муддате низ ба ҳимоят аз ин кишварҳо мепардозад. Ин шеваи рӯёрӯии Амрико бо Русия дар Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупои Марказӣ тайи наздик ба се даҳаи гузашта будааст.
Дар ҳамин иртибот, Орено Ромин, таҳлилгари канадаӣ муътақид аст: “Амрико бо таҷрибаи бадастомада аз иштибоҳоти гузашта, талош мекунад сиёсатҳои нави худро дар минтақа ба гунае нишон диҳад, ки қасди анҷоми кореро алайҳи Русия надорад, аммо дар ҳақиқат амрикоиҳо ба дунболи он ҳастанд то дар марҳалаи нахуст ҳузур ва сипас нуфузи Русия ва бавижа қувваҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳадди қобили таваҷҷуҳе маҳдуд кунанд”.
Ба ҳар ҳол, ҳимояти молии Амрико аз сохторҳои барандозона бо унвонҳои дифоъ аз демократия ва ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли рушд аст. Аз ҷумла ин ки Вашингтон дар соли 2017 мелодӣ як тарҳи вижаи кумаки хориҷӣ дар Конгресси Амрикоро матраҳ кард, ки ба сарфи ҳазинаи 2. 5 миллиарддолларӣ барои “Тарҳҳои демократия” дар Осиёи Марказӣ ихтисос дошт. Амрико бо чунин тарҳҳое дар амал талош мекунад то кишварҳои минтақаро вориди роҳбурдҳову тарҳҳои иқтисодии худ кунад ва контроли манобеъ ва ибтикори амали ҷомеаҳои Осиёи Марказиро дар инҳисори худ дароварад.
Дар чанд соли гузашта тавваҷуҳи Вашингтон ба Узбакистон афзоиши чашмгире ёфтааст. Пас аз рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон ва оғози ислоҳоти саросарӣ дар ин кишвар, Амрико аз ин фурсат барои афзоиши нуфузи худ истифода кард. Зеро Узбакистон аз назари стратегӣ нақши муҳиме дар эҷоди тавозуни қудрат дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ӯҳда дорад. Аз ҷумла ин ки тамоми хутути лӯлаи интиқоли гази кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Чин, аз Узбакистон убур мекунад. Амрико метавонад бо эъмоли қудрат бар рӯйи хутути лӯлаи интиқоли газ дар хоки Узбакистон, аз он дар ҷанги тиҷорӣ миёни Вашингтон ва Пекин истифода кунад.
Дар маҷмуъ бояд гуфт, Амрико бо афзоиши нуфуз ва доман задан ба низоъҳои сиёсӣ дар минтақа, бо кумаки созмонҳои ғайридавлатӣ дар садади анҷоми инқилобҳои рангӣ дар Осиё Марказӣ аст. Дар ин шароит, давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҷойи ҳамроҳӣ бо Амрико, беҳтар аст муроқиби сиёсатҳои душманона ва тавтеаангези Амрико барои оянда бошанд.
Бештар бихонед:
- Оё рӯзҳои пурилтиҳоб дар интизори Осиёи Марказӣ аст?
- Тарроҳии амрикоӣ барои барҳам задани авзои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ
- Таъкиди Сироҷиддини Муҳриддин бар нақши муҳими Афғонистон дар амнияти Осиёи Марказӣ