Феврал 27, 2021 22:02 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди интихоби як зан ба унвони муовини муфтии Қирғизистон
    Пешниҳоди интихоби як зан ба унвони муовини муфтии Қирғизистон

Ҷаласаи Маҷмааи Умумиҷаҳонии Занони Комиссияи оид ба корҳои дини Қирғизистон бо пешниҳоди муовинати муфтии аъзами ин кишвар аз миёни бонувон мувоҷеҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар Бишкеки Қирғизистон мизи мудаввар бо номи "Ҷанбаҳои гендерӣ ва сиёсии дин" баргузор шуд, ки дар он консепсияи нави дин баррасӣ шуд.
  
  Дар ин нишаст, ки анҷумани умумии мутараққии занони комиссияи умури мазҳабӣ бо ҳузури яканд тан аз бонувони андешаманд баргузор кард Элиана Сатторова, сардабири нашрияи уммат дар бахше аз суханони худ дар ҷиҳати ҳимоят аз нақши бонувон дар сохтори иҷтимоӣ гуфт: «Пешниҳод мекунам, ки дар сохтори идораи руҳонияти Қирғизистон як зан унвони муовинати муфтиро ба ӯҳда дошта бошад.» 

Сатторова бо таъкиди ин ки як муовини зан, ки бо масоил ва муъзалоти иҷтимоӣ ошноӣ дорад, метавонад дарди ҷомеъаро ба хубӣ мутаваҷҷеҳ шавад, афзуд: Барои бисёре аз занон мушкиласт, ки бархе аз мушкилоти худро бо рӯҳониён дар миён бигузоранд ва ин мушкилот рӯи ҳам анбошта ва боиси  нофаҳмӣ мешавад, ки ин амр худ мӯҷиби таҳрифи дин хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: