Март 03, 2021 17:27 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон Эронро барои ширкат дар тарҳҳои иқтисодии худ даъват кардааст
    Қирғизистон Эронро барои ширкат дар тарҳҳои иқтисодии худ даъват кардааст

Намояндаи ҳукумати Қирғизистон Эронро ба татбиқи лоиҳаҳои варзишӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ ва дигар соҳаҳо дар кишвар даъват кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, намояндаи давлати Қирғизистон дар вилояти Ош оқои Абдураҳимов гуфт: "Дар 10 ҳавзаи гуногун пешниҳоде барои сармоягузорони хориҷӣ дар назар гирифтаем, ки Эрон низ ҷузви онҳо аст."

Абдураҳимов инчунин имконоти ҷаҳонии Эрон дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили истеҳсоли гранулҳои пластикӣ, технологияи чорводорӣ ва парранда ва инчунин рушди намудҳои варзиши қадим, аз қабили гӯштингирӣ ситоиш кард ва аз соҳибкорони эронӣ даъват кард, ки дар ин соҳаҳо ба Қирғизистон кумак кунанд.

Намояндаи ҳукумати Қирғизистон инчунин ба Эрон пешниҳод кард, ки  ба сурати мутақобил аз маҳсулоти саноати гӯшти он кишвар истифода кунад.

Дар ҳашт моҳи аввали соли 2020, Эрон бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки Қирғизистон узви он аст, 1 миллиарду 400 миллион доллар тиҷорат доштааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп