Коршиноси қирғиз: С-300 амнияти моро афзоиш медиҳад
Мутахассиси масоили сиёсиву низомии қирғиз истиқрори сомонаи мушакии С-300 дар Қирғизистонро боиси афзоиши амнияти ин кишвар ва минтақа унвон кард.
Ба гузориши хабаргузории «Форс», Мурод Бешанов, мутахассиси масоили сиёсиву низомии қирғиз гуфт: «Бо тавваҷуҳ ба мавқеияти ҷуғрофиёии Қирғизистон сомонаи мушакии С-300 заруритарин силоҳ барои пӯшиши марзӣ аст».
Бишанов афзуд: Садир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар сафар ба Русия дар бораи қарордодҳои низомӣ ва хариди сомонаи мушакии С-300 бо Маскав ройзанӣ кардааст.
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ҳафтаи гузашта дар нахустин сафари хориҷии хеш пас аз расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба Русия рафт.
Ахиран Галина Бойтурк, дабири матбуотии раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз вогузории сомонаи С-300 Русия ба ин кишвар хабар дод.
Русия низ пештар таъкид карда буд, ки барои таъмини амнияти марзҳои Қирғизистон талош мекунад.
Бештар бихонед:
- Қирғизистон муштарии нави С - 300 Русия
- Сафари раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Русия
- Кумак гирифтани Қирғизистон аз артиш барои ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯхт ба Тоҷикистон