Март 06, 2021 15:17 Asia/Dushanbe
  • Ин маҳмӯла шомили ниқоби ҷарроҳӣ, дастгоҳи танаффусӣ, дасткаш ва ниқобҳои муҳофизи сурат
    Ин маҳмӯла шомили ниқоби ҷарроҳӣ, дастгоҳи танаффусӣ, дасткаш ва ниқобҳои муҳофизи сурат

Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо кумаки молии Иттиҳоди Аврупо, нахустин маҳмӯлаи васоили ҳифозати фардӣ барои мубориза бо вируси коронаро ба Узбекистон ирсол кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Тошканд, ин маҳмӯлаи кумаки башардӯстона шомили ниқоб, дастгоҳи танаффусӣ, дасткаш ва ниқобҳои муҳофизи сурат аст.

Иттиҳоди Аврупо барои ҳимояти муассир ва иқдомоти сареъ ва ҳамоҳанг алайҳи «Ковид- 19» дар Узбекистон муодили 2 миллиону 200 ҳазор евро ихтисос додааст.

Ин ибтикор, ки тавассути дафтари кишварии Созмоти ҷаҳонии беҳдошт иҷро мешавад, дар марҳалаи аввал таҳияи васоили ҳифозати фардии кадри пизишкӣ дар бемористонҳоро, ки мустақиман бо беморони коронаӣ иртибот доранд, шомил мешавад. Марҳалаи баъдӣ низ барои кормандони дигар муассисот ва хадамоти пизишкӣ дар назар гирифта шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп