Март 06, 2021 23:31 Asia/Dushanbe
  • Равобити иқтисодӣ, нақлиёт, обу энергетика ва бозорҳои наздимарзӣ аз мавзӯъҳои ин тамоси телефонӣ буд
    Равобити иқтисодӣ, нақлиёт, обу энергетика ва бозорҳои наздимарзӣ аз мавзӯъҳои ин тамоси телефонӣ буд

Раиси тоза мансубшудаи вилояти Боткенти Қирғизистон дар тамоси телефонӣ бо руасои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон авзо дар марзҳои муштараки ин се кишвари ҳамсояро баррасӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Аки Пресс, Омурбек Субҳоналиев дар тамоси телефонӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Хайруллоҳ Бозоров раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар бораи зарурати ҳифзи оромиш ва амният дар манотиқи марзӣ баҳсу табодули назар кард. 

Ҳамчунин мавзӯи густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва транзит, об ва энергетика ва бозорчаҳои муштараки марзӣ аз дигар мавзӯоти ин тамоси телефонӣ буд. 

Раиси тоза мансуб шудаи вилояти Боткенти Қирғизистон қаблан низ бар зарурати поён додани ба қочоқи сӯхт дар марз бо Тоҷикистон  таъкид карда буд  ва инак мақомоти Бишкек барои ҷилавгириӣ аз ин раванд ба минтақаи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардаанд, ки ин рӯйдод муҷиби афзоиши қиммат бензину гозоил дар Тоҷикистон шудааст. 

Аз сӯи дигар Садир Ҷабборов раиси ҷумҳурии Қирғизистон ахиран эълон кардааст, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи аломат гузории марзҳо ба Душанбе сафар хоҳад кард. 

Бештар бихонед:

Барчасп