Сабти 3 ҳазор маврид ҷурму ҷиноёти тоҷикҳо, узбакҳо ва қирғизҳо дар Маскав
(last modified 2016-10-20T06:53:29+00:00 )
Октябр 20, 2016 11:53 Asia/Dushanbe
  • Сабти 3 ҳазор маврид ҷурму ҷиноёти тоҷикҳо, узбакҳо ва қирғизҳо дар Маскав

Шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар Маскав- пойтахти Русия, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ муртакиби 3 ҳазор маврид ҷурму ҷиноёт шудаанд.

Ба гузориши сойти хабаргузории ТАС, хонум Алися Алёшино-муовини идораи интизомии шаҳри Маскав, гуфтааст, ки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар пойтахти Русия, 130 ҳазор маврид ҷурму ҷиноёт сабт шуда, ки 3 ҳазор мавриди он, мутаъаллиқ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон мебошад .

Вай таъкид кардааст, ки аз маҷмуи 6 ҳазору 343 маврид ҷурму ҷиноёти марбут ба шаҳрвандони хориҷӣ, 3 ҳазор он ба атбои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон тааллуқ дорад. Аз ин миён, 1 ҳазору 200 мавриди он марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон, беш аз 1 ҳазор маврид ба шаҳрвандони Узбакистон ва боқӣ мутаалиқ ба атбои Қирғизистон мебошад .

Алися Алёшино таъкид кардааст, ки мизони ҷурму ҷиноёти марбут ба шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Маскав, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 8 дарсад коҳиш нишон медиҳад .

Бар асоси ин гузориш, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ, 343 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои дарёфти муҷавизи кор ба идороти Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Маскав муроҷиа кардаанд, ки 20 дарсади онон шаҳрвандони Узбакистон, 17 дарсад Тоҷикистон ва15 дарсад Қирғизистон мебошанд.