Ҷон бохтани 25 узви гурӯҳи Толибон бар асари резиши тарма
(last modified Mon, 15 Mar 2021 13:14:53 GMT )
Март 15, 2021 18:14 Asia/Dushanbe
  • Дар рӯзҳои ахир ағлаби манотиқ шоҳиди сармои шадид ва бориши барф будааст
    Дар рӯзҳои ахир ағлаби манотиқ шоҳиди сармои шадид ва бориши барф будааст

25 узви гурӯҳи Толибон ҳангоми убур аз масири кӯҳистонии Покистон ба Афғонистон бар асари резиши тарма ҷон бохтанд.

Ба гузориши ИРНА, сухангӯи фармондеҳии полиси вилояти Пактиё эълом кард: Ин ҳодиса якшанбешаб дар шаҳристони Ҷоҷи Ориюби вилояти Пактиё рух дод ва бар асари он афзун бар кушта шудани шуморе аз нерӯҳову фармондеҳони Толибон, теъдоде аз шаҳрвандони покистонӣ низ кушта шуданд.

Муҳаммадалии Амирӣ афзуд: Дар ду рӯзи гузашта бархе вилоятҳои Афғонистон, аз ҷумла Пактиё шоҳиди бориши барфу борон буд ва роҳҳои шаш вилояти ин кишвар бар асари бориши барф баста шуда буд.

 

Бештар бихонед: