Инфиҷори террористӣ дар Кобул 15 нафарро роҳии бемористон кард
Инфиҷори тозае дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон дастикам 15 сарнишини як минибусро захмӣ ва равонаи бемористон кард.
Ба гузориши хабаргузории «СинХуа», Фирдавси Фвромврз, сухангӯи полиси Афғонистон эълом кард: Ҳудуди соати 15:50 дақиқаи асри имрӯз дар ноҳияи дувуми Соҳаи Даҳани Боғи шаҳри Кобул як минибус ҳадафи инфиҷори мина қарор гирифт.
Ба гуфтаи Фирдавси Фаромарз ҳамаи маҷрӯҳони ин ҳодисаи террористӣ ғайринизомиён будаанд.
Ҷузъиёти бештаре аз ин ҳодиса мунташир нашудааст.
Бар асари вуқӯи се инфиҷор дар Кобул дар камтар аз бистучаҳор соати гузашта, дар шаҳри Кобул 5 тан кушта ва 31 нафари дигар низ захмӣ шуданд.
Идомаи террорҳо ва инфиҷорҳои ҳадафманд дар шаҳри Кобул ба як мушкили ҷиддӣ барои давлату шаҳрвандони пойтахти Афғонистон табдил шудааст.
Бештар бихонед:
- 76 куштаву захмӣ дар инфиҷори террористӣ дар Ҳароти Афғонистон
- Хашми мардуми Афғонистон аз номаи таҳдидомези Амрико ба Ашраф Ғанӣ
- Эътирофи ба ҳадар рафтани миллиардҳо доллар ҳазинаи Амрико дар Афғонистон