Март 27, 2021 18:22 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои узви ИДМ дар дарёи Хазар размоиши зиддитеррористӣ баргузор мекунанд
    Кишварҳои узви ИДМ дар дарёи Хазар размоиши зиддитеррористӣ баргузор мекунанд

Маркази зиддитеррористии кишварҳои мустақили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз баргузории размоиши зиддитеррористии кишварҳои узви ин иттиҳодия дар дарёи Хазар хабар дод.

Кишварҳои узви ИДМ дар моҳи сентябри имсол дар дарёи Хазар размоиши зиддитеррористӣ баргузор мекунанд.

Дар ин размоиши зиддитеррористӣ, ки бо ширкати нерӯҳои вижаи 8 кишвари узви ИДМ баргузор хоҳад шуд, фанновариҳои тазмини амният дар минтақаи Хазар озмоиш хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир барномаҳои асосии размоиш ҳамоҳанг шудааст ва қарор аст Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон дар ин размоиш ҳузур дошта бошанд.  

Созмони ИДМ пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт ва аввалин нишасти ин созмон августи соли 1993 мелодӣ баргузор шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп