Апрел 04, 2021 09:34 Asia/Dushanbe
  • 90 дарсади маводи мухаддири ҷаҳон дар Афғонистон тавлид мешавад
    90 дарсади маводи мухаддири ҷаҳон дар Афғонистон тавлид мешавад

Толибон аз тиҷорати маводи мухаддир дар Афғонистон дар солҳои 2018 - 2019 беш аз 400 миллион доллар даромад ба даст овардааст .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия, Идораи бозрасии вижаи Амрико дар Афғонистон  мавсум ба « СИГАР » дар гузорише муддаӣ шуд, ки гурӯҳи Толибон ҳамаи бахшҳои тавлиду тиҷорати маводи мухаддир дар ин кишварро дар ихтиёр дорад ва даромади ин гурӯҳ аз тиҷорати маводи мухаддир метавонад бештар аз мизони эъломшуда низ бошад.

    Тибқи ин гузориш Толибон тавлиду тиҷорати маводи мухаддирро аз соли 2019 афзоиш додааст ва ҳудуди 40 то 60 дарсад даромади ин гурӯҳ аз ин соҳа таъмин мешавад .

    Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки 90 дарсади маводи мухаддири ҷаҳон дар Афғонистон тавлид мешавад ва ин кишвар бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст .

    Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо тероризм дар Афғонистон ба ин кишвар юриш бурданд, аммо аз он замон то кунун ноамнӣ, тероризм ва тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар рушди чашмгир дошта аст.

   Мардуму мақомоти Афғонистон борҳо хурӯҷи низомиёни ишғолгари хориҷӣ ба саркардагии Амрико аз кишварашонро хостор шудаанд.

 

   Бештар бихонед :

 

Барчасп