Эҳтимоли баргузории интихоботи зӯдҳангоми раёсати ҷумҳӯрӣ дар Афғонистон
(last modified Sun, 04 Apr 2021 07:10:00 GMT )
Апрел 04, 2021 12:10 Asia/Dushanbe
  • Муҳиб : Толибон ҳеч тағйире накарда ва ба дунболи гирифтани ҳукумат аз тариқи зӯр аст
    Муҳиб : Толибон ҳеч тағйире накарда ва ба дунболи гирифтани ҳукумат аз тариқи зӯр аст

Мушовири амнияти миллии Афғонистон аз омодагии давлати ин кишвар барои баргузории интихоботи зӯдҳангоми раёсати ҷумҳӯрӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои афғон, Ҳамдуллоҳи Муҳиб дар нишасти муштараке бо мақомоти баландпояи бахши амниятии ин кишвар гуфт:Дар сурати баргузории ин интихобот дар се то шаш моҳи оянда Ашрафғанӣ номзади раёсати ҷумҳӯрӣ нахоҳад шуд.

    Вай таъкид кард, ки мардум ҳукумати муваққат намехоҳанд ва аз сӯи дигар Толибон низ ҳеч тағйире накарда ва ба дунболи гирифтани ҳукумат аз тариқи зӯр ҳастанд .

  Ин изҳороти Муҳиб дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Ашрафғанӣ чанд рӯз қабл бо таъкид бар ин ки барқарории сулҳ дар Афғонистон ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст гуфта буд, ки интиқоли қудрат дар Афғонистон бояд аз тариқи баргузории интихобот устувор бар Қонуни асосӣ анҷом гирад.

  Мақомоти баландпоя дар давлати Афғонистон қаблан гуфта  буданд пешниҳоди Ғанӣ баргузории интихобот то шаш моҳи оянда аст ва ин дар тақобул бо тарҳе аст, ки Зулмай Халилзод-фиристодаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон барои таъвизи ҳукумати мунтахаб бо ҳукумати муваққат ироа додааст.

    

  Бештар бихонед :