Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар мекунад
Раиси Ҷумҳурии Узбекистон чаҳорумин бор пас аз интихобаш ба ин симмат дар соли 2016, ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ба гузориши раиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, манобеи ҳукуматӣ дар Душанбе гуфтаанд, ки Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10 то 12 июни имсол ба даъвати ҳамтои тоҷики хеш Эмомалӣ Раҳмон барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба ин кишвар сафар мекунад.
Раисони ҷумҳурии ду кишвар дар ин дидор бо арзёбии сатҳи феълии ҳамкориҳои дуҷониба, созшномаҳои ҷадиде дар бораи тақвияти муносиботи Душанбе ва Тошканд имзо хоҳанд кард.
Ин созшномаҳо шомили ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, обу энержӣ, кишоварзӣ ва илмю фарҳангӣ хоҳад шуд.
Гуфта мешавад , ки ҳаҷми муомилоти тиҷории Тоҷикистону Узбекистон дар соли 2020 ба 318 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо соли қабл коҳиши 166 миллион доллариро нишон медиҳад.
Далели коҳиши муомилоти тиҷории ду кишвар дар соли 2020 густариши вируси корона унвон шудааст.
Бештар бихонед: