Оғози ваксинатсияи корона бо ваксинаи миллӣ дар Қазоқистон
(last modified Mon, 26 Apr 2021 11:47:02 GMT )
Апрел 26, 2021 16:47 Asia/Dushanbe
  • Оғози ваксинатсияи корона бо ваксинаи миллӣ дар Қазоқистон
    Оғози ваксинатсияи корона бо ваксинаи миллӣ дар Қазоқистон

Ваксинатсияи корона бо тазриқи ваксинаи миллии Қазоқистон бо номи "Қазвок" дар ин кишвар оғоз шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, вазири  тандурустии Қазоқистон « Алексии Цуй"  нахустин дозаи ин ваксинаро тазриқ кард ва гуфт: 50 ҳазор дозаи ваксинаи ду дозии сохташуда дар муассисаи давлатии таҳқиқот дар саросари ин кишвар тавзеъ шудааст. 

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жоомарт Такаев  ҳам аз муваффақияти илмии кишвараш дар тавлиди ваксинаи Ковиди 19 ки ин кишварро дар радаи чанд кишвари дорандаи фанноварии ин ваксина қарор додааст, таҷлил кард. 

Тибқи омори расмии Вазорати тандурустии Қазоқистон беш аз 309 ҳазор нафар дар ин кишвар ба Ковид - 19 мубтало шуда ва се ҳазору  570 нафар фавт кардаанд. 
   
Қазоқистон 19 миллион нафар ҷамъият дорад.