Эҳзори сафири Тоҷикистон дар Бишкек ба Вазорати хориҷаи Қирғизистон
(last modified Tue, 27 Apr 2021 06:21:56 GMT )
Апрел 27, 2021 11:21 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон боздошти худсаронаи ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишварро маҳкум кард
    Қирғизистон боздошти худсаронаи ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишварро маҳкум кард

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон бо эҳзори сафири Тоҷикистон дар Бишкек, ба боздошти худсаронаи ду табааи ин кишвар эътироз карда ва ин иқдомро ғайриқонунӣ ва мухолифи муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба номид.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи 24 Ки Ҷӣ ( 24 . kg ) , Муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назир Муҳаммад Ализода нотаи эътирозӣ фиристод, ки боздошти худсаронаи ду шаҳрванди Қазоқистонро маҳкум мекунад.

Муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон таъкид кардааст, ки тарафи Тоҷикистон бояд омилони боздошти худсарона ва озору азияти ин ду табаъаи Қирғизистонро шиносоӣ ва муҷозот ва Бишкекро аз раванди иқдомоти худ огоҳ кунад.   
 

Нуран Ниёзалиев таъкид кардааст, ки ду кишвар бояд шароити ҳамзистии мусолатомези сокинони манотиқи марзиро фароҳам ва аз ҳар навъи хушунат ва даргирӣ ҷилавгирӣ кунанд. 

Чанде қабл ду табааи Қирғизистон ба иттиҳоми убури ғайримуҷоз аз марзи муштараки вилояти Суғд ва Ботканд дар Тоҷикистон боздошт шуданд, ки пас аз музокироти мақомоти марзбонии ду кишвар  ин афрод ба ҳамроҳи 6 шаҳрванди дигари қирғизистонӣ, ки пеш аз ин ба ҳамин иттиҳом дастгир шуда буданд озод шуданд. 

 

Бештар бихонед: