Боздошти як табааи Қирғизистон дар Русия ба дархости Тоҷикистон
(last modified Wed, 28 Apr 2021 07:34:41 GMT )
Апрел 28, 2021 12:34 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрванди Қирғизистон Эҳсон Маҷидов ба барангехтани низоъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон айбдор карда мешавад
    Шаҳрванди Қирғизистон Эҳсон Маҷидов ба барангехтани низоъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон айбдор карда мешавад

Мақомоти интизомии Русия як табааи 44 -солаи Қирғизистон ва сокини ноҳияи Боткандро ба дархости Тоҷикистон боздошт кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Экипресс, Эҳсон Маҷидов, ки рӯзи 18 апрел бо парвози Бишкек ба шаҳри Нишний Новгорди Русия рафта буд, дар фурудгоҳи ин шаҳр боздошт шудааст. 

Вай ба иттиҳоми таҳрик ва эҷоди даргирӣ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон  таҳти пайгарди қазоии полиси байналмилал будааст. 

Мақомоти интизомии Нишний Новгорд мегӯянд, ки бар асоси дархости Тоҷикистон ва полиси байналмилалӣ ин табааи Қирғизистонро боздошт кардаанд. 

Эҳсони Маҷидов муттаҳам аст, ки рӯзи 7 май соли 2020 ба таври худсарона дар минтақаи ҳанӯз аломатгузоринашудаи марзии миёни фармондории Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон  маҳсулоти кишоварзӣ кошта, аммо замоне, ки бо эътирози тарафи Тоҷикистон  рӯ ба рӯ шудааст, бо даъват аз 50 нафар аз ҳамрустоиёни хеш ба сӯи  тоҷикҳо санг паррондааст.

Ин иқдоми вай мӯҷиби захмӣ шудани Аёмиддин  Шарифов сокини ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва интиқоли вай ба бемористон шудааст. 

Феълан ҳукми боздошти муваққати Эҳсон Маҷидов то 27 моҳи май  содир шуда ва дар сурати исботи иттиҳомаш ба Тоҷикистони истирдод хоҳад шуд. 

Токунун бар асоси дархости мақомоти қазоии Қирғизистону Тоҷикистон  теъдоде аз атбои ин ду кишвар дар Русия ба иттиҳоми доман задан ба даргириҳои марзӣ боздошт шудаанд.

 

Бештар бихонед: