13 табааи Тоҷикистон дар Афғонистон зиндонианд
(last modified Fri, 30 Apr 2021 15:46:34 GMT )
Апрел 30, 2021 20:46 Asia/Dushanbe
  • 13 шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд амалиёти низомии Афғонистон боздошт шудаанд
    13 шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд амалиёти низомии Афғонистон боздошт шудаанд

Раиси идораи Амнияти Афғонистон аз зиндонӣ будани 13 табааи Тоҷикистон дар ин кишвар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, Аҳмад Зиёи Сироҷ дар нишасти   хабарии ахири худ дар Кобул гуфтааст, ки ин 13 табааи Тоҷикистон дар чанд амалиёти низомиёни афғонистонӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. 

Вай шумори ҷангҷуёни хориҷӣ дар зиндонҳои Афғонистонро 408 нафар унвон кардааст, ки дар миёни онон  37 узбекистонӣ ва 12 қирғиз низ вуҷуд доранд. 

 Ба гуфтаи Сироҷ Кобул бо кишварҳое, ки атбоъи онон дар Афғонистон ба ҷурми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ зиндонӣ ҳастанд, дар мавриди истирдоди ин афрод  ворид музокира шудааст. 

Қаблан низ мақомоти амниятии Афғонистон аз ҳузури теъдоде аз атбоъи Тоҷикистон дар таркиби гурӯҳи Толибон дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ва дар наздики марзи муштараки ду кишвар хабар дода буданд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон мегӯянд, ки наздик ба 2 ҳазор нафар аз атбоъи ин кишвар бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ба Сурия, Ироқ ва Афғонистон рафтаанд, ки теъдоде кушта шудаанду сарнавишти бақия мушаххас нест.

 

Бештар бихонед: