Оë мухолифати Душанбе ва Бишкек бо миёнҷигарии Русия тасмими дурусте аст?
(last modified Sat, 01 May 2021 16:34:20 GMT )
Май 01, 2021 21:34 Asia/Dushanbe

Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин бовараст, ки тасмими Тоҷикистону Қирғизистон ба рафъи ихтилофот бидуни миёнҷигарии тарафи сеюм махсусан Русия, тасмими дурусте аст.

Қосим Бекмуҳаммад муътақид аст, дар сӯрати ворид шудани Русия ба моҷарои ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон, пойи рақибони геополитикии Маскав ба хусӯс Амрико ба ин мавзӯ боз мешавад ва ниҳодҳои гӯногӯни ғарбӣ дар ин замина фаъол хоҳанд шуд.

Ҳамчунин ба бовари Бекмуҳаммад дар чунон шароите гурӯҳҳои террористӣ низ ба минтақа ва ба хусӯс Водии Фарғона ҷазб хоҳанд шуд.

Кохи Кремл рӯзи 30 апрел аз омодагии Путин барои миёнҷигарӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон барои рафъи ихтилофоти марзии ду кишвар хабар дод.

Русия соли гузашта низ дар пайи нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамин пешниҳодро матраҳ карда буд.

 

Бештар бихонед: