Сентябр 19, 2022 17:01 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи маҷлиси Тоҷикистон хостори эъломи аъзои умуми дар кишвар шуд
    Намояндаи маҷлиси Тоҷикистон хостори эъломи аъзои умуми дар кишвар шуд

Раиси ҳизби демократи Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагони ин кишвар талафоти даргирии марзии ин кишвар бо Қирғизистонро 60 нафар эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидҷаъфар Усмонзода, намояндаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи душанбе хостори эъломи аъзои умумӣ дар Тоҷикистон шуд.

Намояндаи Маҷлиси Тоҷикистон дар саифаи Фейсбуки худ навишт: Ҳамалоти нерӯҳои Қирғизистон дар 6 минатақа дар 300 километрии марзи Тоҷикистон буд ва садҳо нафар низ заъхми шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз кушта шудани ҳудуди 38 шаҳрванд дар ҷараёни даргириҳои марзи хабар дода буд.

Аз сӯи дигар Вазорати тандурустии Қирғизистон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард теъдоди кушташудагони ин кишвар дар даргирии марзи бо Тоҷикистон ба 59 нафар афзоиш ёфта аст ва 140 нафар ҳам захми шуданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 984 километр марзи муштарак доранд ва аз замони фурупошии иттиҳоди Шуравӣ то моҳи май соли 2021 ин ду кишвар фақар бар сари марзбандии ҳудуи 600 километр ба тавофуқ расида ва марзбани ва тавофуқ бар сари ҳудуди 400 километри дигар ҳамчунон дар дасти барраси аст.

 

Барчасп