Дастҳои пинҳон дар танишҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Коршиносони қирғиз мӯътақиданд, ки муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон ба манфиати ҳеҷ кишваре нест ва танҳо онҳое, ки онро таҳрик медиҳанд, метавонанд дар ин оби гилолуд моҳӣ бигиранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо тавваҷӯҳ ба даргирии марзӣ байни сокинини марзнишини Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки мунҷар ба талафоти ҷонӣ шуд, «Игор Шестаков» ва «Морс Сориф» ду коршиноси масоили сиёсӣ назарот ва дидгоҳҳои худро дар ин маврид эълом карданд.
Шестаков гуфт: Равшан аст, ки ин мушкилот имрӯз ба вуҷуд наомадаст ва собиқаи торихӣ дорад.
Вай афзуд: Ба назари ман акнун ташдиди даргириҳо ба муҳимтарин нуқта ва авҷи худ расидааст.
Ӯ изҳор кард, даргирӣ на танҳо бар амнияти кишварҳо, балки бар амнияти сокинон ва дар дараҷаи аввал касоне, ки дар ин манотиқ зиндагӣ мекунанд ва ба таври кулли бар амнияти минтақа таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Ин коршиноси улуми сиёсӣ идома дод: Ин тасодуфе нест, ки Узбекистон пешниҳод мекунад ба унвони як миёнарав дар музокирот амал кунад, «Тошканд » мутаваҷҷеҳ шудааст, ки амнияти минтақа дар маърази таҳдид аст.
Вай гуфт: Ҳарчӣ машваратҳо зудтар анҷом шавад, ихтилофот зудтар ҳал хоҳад шуд.
Шестаков ҳамчунин хотирнишон кард: Ҳалли мушкилот бо кумаки Нерӯҳои мусаллаҳ дарвоқеъ фақат ба ташдиди вазъият кумак мекунад.
Вай афзуд: Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳар ду узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳастанд ва дар сурати лузум ин созмон бояд дар музокирот ба унвони восита амал кунанд.
Сориф, коршиноси дигари масоили сиёсӣ ҳам гуфт: Тарафи тоҷик нигарон аст, ки тарафи қирғиз амалиёти сохти обанборро оғоз кунад ва сипас танзими оби рудхона ба таври комил дар дасти « Бишкек » бияфтад.
Вай гуфт: Бинобарин, онҳо барои тасарруфи таъсисоти обгирӣ «Главная» ва мутаъоқиби он барои нишастан бар сари мизи музокира амалиётеро оғоз карданд.
Ин коршинос гуфт: Ман фикр мекунам тарафайн то ҳудуде мумкин аст тавассути кишвари солисе таҳрик шуда бошанд.
Ӯ идома дод, бинобарин ба зудӣ бо гузашти замон ҳамаи масоил равшан хоҳад шуд, ки бозикуни ҷаҳонӣ дар ин даргирӣ чӣ бозӣ карда ва чӣ натиҷае гирифтааст.
Бештар бихонед: