Ноябр 25, 2023 14:59 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ: Танишҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба зудӣ рафъ хоҳад шуд

Дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ гуфт: Аъзои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ итминон доранд ихтилофоти марзи байн Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд,

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Имонгелдӣ Тасмогомбитов гуфт: Сарони кишварҳои узви созмон бо ишора ба пешрафтҳои суратгирифта ибрози итминон карданд ин мушкил дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд.

 Вай  таъкид кард : Раисони ҷумҳури Қирғизистон ва Тоҷикистон эълом карданд, ки барои ҳалли ин мавзӯъ ҳеҷ ҷойгузине ҷуз равишҳои сиёсӣ ва дипломатӣ нест ва бар асоси он комиссияҳои давлатӣ ташкил шудаанд, ки ба таври муназзам ҷаласа мегузоранд ва мушкилоти бахшҳои маврид ихтилофи марзро ҳал мекунанд.

 Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус низ ба ин мавзӯъ ишора кард ва гуфт: Мо аз пешрафти бисёр хуб байни раисони ҷумҳури ин ду кишвар дар марзи муштаракашон истиқбол мекунем.

 Лозим ба зикр аст, ки Оқилбек Ҷаббороф-нахуствазири Қирғизистон пештар эълом карда буд ҳар ду тараф хоҳони ҳалли мушкили марзӣ то поёни соли 2023 ҳастанд.

 

 

Барчасп