Май 05, 2021 15:35 Asia/Dushanbe
  • Аҳмадзиё Сироҷ, раиси амнияти миллии Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар ҳушдор дод, бо террористҳо иртибот барқарор накунанд
    Аҳмадзиё Сироҷ, раиси амнияти миллии Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар ҳушдор дод, бо террористҳо иртибот барқарор накунанд

Раиси амнияти миллии Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар дар бораи иртибот барқарор кардан бо террористҳо ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмадзиё Сироҷ дар нишасти маҳрамонаи порлумони Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар ҳушдор дод ва гуфт: «матбуоти мо, сиёсиюн ва коршиносони мо бояд мутаваҷҷеҳи ҷанги равонӣ душман бошанд. Касоне, ки бо террористон иртибот барқарор мекунанд ва ба нафъи онҳо таблиғот мекунанд, бо онҳо мисли як террорист бархӯрд мекунем.»

Ин изҳоротро Ориф Раҳмонӣ, намояндаи вилояти Ғазнӣ дар порлумони Афғонистон ба нақл аз раиси амнияти миллии ин кишвар мунташир кардааст.

Раиси амнияти миллӣ ва раиси Ситоди артиши Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе ба нишасти маҳрамонаи порлумони ин кишвар фарохонда шуданд то дар бораи рӯйдодҳои амниятии ахир посухгӯ бошанд.

Изҳороти Аҳмадзиё Сироҷ дар ҳоле сӯрат мегирад, ки пеш аз ин расонаҳо дар Афғонистон дар бораи мавонеъ бар сари роҳи озодии баён ҳушдор дода буданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп