Намоишгоҳҳои байналмилалии санъатии Узбекистон оғоз бакор кард
Намоишгоҳҳои байналмилалии санъатии Узбекистон дар маркази намойишгоҳии байналмилалии «Узэкспосентр»-и Тошканд оғоз бакор кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ин намоишгоҳҳои байналмилалии санъатӣ шомили 12-умини намоишгоҳи байналмилалии металлургия ва мошинсозӣ, ёздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии фанниовариҳо ва санъати маъдан, 12-умин намоишгоҳи байналмилалии фанновариҳои вижа, ҳамлу нақл, саноати худрав, 10-умин намоишгоҳи байналмилалии саноати шимиёӣ, тавлиди пластикӣ ва каучук ва 10-умин намоишгоҳи байналмилалии фанновариҳои амниятӣ, эминии оташ ва ҳифозати фаннии кор аст.
Дар ин намоишгоҳҳои байналмилалӣ ҳудӯди 100 ширкат аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳузур доранд.
Дар ин намоишгоҳ ғурфаҳои мошинҳои мухталиф, таҷҳизоти барқӣ, дастгоҳҳои ҳавокаш, панелҳо ва радиаторҳои офтобӣ, асбобҳои барқӣ, сафолҳо, қубурҳои пластикӣ, масолеҳ ва таҷҳизоти сохтимонӣ фанновариҳои сохтумонӣ ва ҷодӣ бар по шудааст.
Ин намоишгоҳҳои байналмилалии санъатии Узбекистон то 7 май ба кори худ идома медиҳад.
Бештар бихонед:
- Гушоиши нахустин намоишгоҳи маҷозии Қуръони карим дар Эрон
- Ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса