Пушти пардаи ҳаводиси террористии шанбеи хунини Кобул
Расонаҳои Афғонистон гузориш доданд,ки баъд аз зуҳри шанбе маркази омӯзишии « Кавсари дониш » дар ғарби Кобул ҳадафи 3 ҳамлаи террористӣ қарор гирифт . Тулӯъниюс бар асоси гуфтаҳои бастагони қурбониён эълом кардааст, ки шумори кушташудагон то кунун ба 63 нафар расида ва ҳудуди 150 тан дар ин инфиҷорҳо захмӣ шудаанд.
Агарчӣ расман ҳануз гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст, аммо давлат Толибонро масъӯли ин ҳамла муаррифӣ кард ва дар муқобил Толибон ҳам эълом кард, ки дар ин ҳамла нақше надоштааст . Акнун ин пурсиш матраҳ аст, ки чӣ касоне ин инфиҷорҳои Кобулро созмондиҳӣ кардаанд ва мудирияти афзоиши ноамниҳои ахири Афғонистонро чӣ касоне бар уҳда доранд ва асосан чӣ гурӯҳҳое аз ҳаводиси ахир ва афзоиши ноамниҳои Афғонистон баҳра мебаранд?
Дар бораи пушти пардаи ҳаводиси террористии шанбеи хунини Кобул ва паёмадҳои он метавон ба чанд нукта ишора кард :
Ҳадди ақал ду гумоназанӣ дар бораи омилону мудирияти ҳодисаи Кобул матраҳ аст; бархе мақомоти Афғонистон гурӯҳи Толибонро сабабгори аслии ин ҳодисаи Кобул муаррифӣ карданд . Ба унвони мисол Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯри Афғонистон ин ҳамларо ваҳшиёна хонда ва эълом кард, ки 6 ҳазору 100 зиндонии Толибонро ба хости ҷомеъаи байналмиллалӣ ва мардуми ин кишвар озод кардем, то поёни хунрезӣ ва ҷангро ба армуғон биоварад, аммо мардум ҳануз ҳам шоҳиди хушунат ва идомаи ҷанги ғайриинсонӣ мебошанд . Афзун бар Ашрафғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб-мушовири амнияти миллии Афғонистон низ бо ишора ба ташдиди даргириҳои ахири ин кишвар эълом кард, ки ҷанги ҷории Толибон барои касби қудрат аст .
Ҳамзамон бо ин изҳорати мақомоти Афғонистон бархе дигар масъӯли ин ҳаводиси террористӣ дар минтақаи шиъанишини шаҳри Кобулро, ки ба марги 63 нафар ва захмӣ шудани беш аз 150 нафар мунҷар шуд, гурӯҳи террористии ДИИШ медонанд ва ба таъбири беҳтаре ангушти иттиҳомро ба самти гурӯҳи ДИИШ нишона рафтаанд . Ин фарзия дар шароите матраҳ аст, ки сухангӯии Толибон ҳам бо ради нақши ин гурӯҳ дар ҳаводиси Кобул ва маҳкӯмияти он аз сӯи ин гурӯҳ ,гурӯҳаки террористии ДИИШ-ро масъӯли ин ҳаводис муаррифӣ мекунад .
Сарфи назар аз инки кадом гумоназанӣ дар бораи ҳаводиси хунини Кобул бо воқеъиёти Афғонистон ҳамхонӣ дорад . Зикри чанд нукта дар ин бора дорои аҳамият аст :
Нуктаи аввал инки, ҳаводиси ахири Кобул дар шароите рух дода ки давлати Амрико тибқи тавофуқи Давҳа аз шанбеи гузашта хурӯҷи тадриҷии сарбозони худро аз Афғонистон оғоз кардааст . Агар чӣ қарор буд нерӯҳои ишғолгари хориҷӣ ба раҳбарии Амрико то аввали моҳи май аз Афғонистон хориҷ шуда бошанд, аммо Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико бо нақзи тавофуқи Давҳа эълом кард, ки ин иқдом то 11 сентябр тӯл хоҳад кашид . Ба ҳар ҳол ончӣ мушаххас аст инки Амрико пас аз 20 соли ҳузур дар Афғонистони дар ниҳоят нерӯҳои худро аз ин кишвари хориҷ месозад . Аммо ин пурсиш матраҳ аст, ки дастоварди ду даҳаи ҳузур дар Афғонистон чист ? Аз манзари узви шӯрои амнияти федерасиюни Рӯсия “ Амрико дар ду даҳа ҷанги ин кишвар шикаст хӯрдааст . “
Алексей Пешков-узви шӯроии амнияти федерасиюни Русия ва коршиноси баландпояи масоили низомии Русия дар ин бора мегуяд : " Ақибнишинии нерӯҳои Амрико аз Афғонистон баёнгари шикасти Вашингтон дар тӯлонитарин ҷанги ин кишвар аст . Амрико дар 20 соли гузашта натавонист ба аҳдофаш дар Афғонистон бирасад ва ё вазъияти онро тасбит кунад " .
Нуктаи муҳими дигар инки дар ҷараёни хурӯҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон, ноамниҳо дар ин кишвар ташдид шудааст ва ҳаводиси ахири Кобулро метавон охирин намӯна аз афзоиши ноамниҳои Афғонистон ёд кард . Афзун бар ин муттаассифона таи ҳафтаҳои ахир густариши иқдомоти ҳадафманди террористӣ дар бархе манотиқи шаҳри Кобул ва дигар минтақаҳои Афғонистон ҳикоят аз барномарезҳои шум ба манзури ташдиди ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ дар Афғонистон аст . Бешубҳа ончи мусаллам аст инки бадхоҳони миллати Афғонистон дар ин марҳилаи замонӣ, ки нерӯҳои ғарбӣ ба тадриҷ аз ин кишвар хориҷ мешаванд, дар паи эҷоди ҷанги дохилӣ ва дудастагӣ дар ин кишвар ҳастанд, зарурӣ аст, ки уламо ,нухбагон ва хосони ҷомеъаи Афғонистон нисбати ин дасисаҳо ҳушёр бошанд . Ин ҳушёрӣ дар шароите ниёзи зарурии ҷомеъаи Афғонистон аст, ки сафорати Амрико ва Зулмай Халилзод-фиристодаи вижа Вашингтон ба Афғонистон, ки дар ҳамалоти Толибон ва ё ҳамалоти ҳавоии артиш алайҳи ин гурӯҳ аз нахустин касонӣ аст, ки вокуниш нишон медиҳад, дар робита бо ин ҳамлаву куштори ҳадафманди кӯдакон ва донишомӯзони ҳазора дар маркази омӯзишии « Кавсари дониш »-и Кобул сукут кардааст .
Нуктаи сеюм инки бисёре аз сиёсатмадорон ва коршиносони Афғонистон, Кохи сафедро ба ҳамкорӣ бо ДИИШ муттаҳам мекунанд ва Ҳомид Карзай, ки 13 сол зимомдории Афғонистонро ба ӯҳда дошт ва ин гурӯҳи террористиро " маҳсӯл ва абзори " Амрико барои пешбурди сиёсатҳои калонаш дар минтақа медонад . Дар воқеъ аз замоне, ки ДИИШ бо ҳимояти ғарбиҳо дар Афғонистон зуҳӯр кард, ин гурӯҳи террористӣ борҳо дар ҳамалоти гуногун марокизи фарҳангӣ ва омӯзиширо ҳадаф қарор додааст . Ҳамла ба маросими гиромидошти милоди Набӣ ( с ) дар шаҳри Кобул бо 48 кушта, ҳамла ба омӯзишгоҳи Маҳдии мавъӯди Дашти барчии Кобул бо 48 кушта ,ҳамла ба хабаргузории Ово ва маркази фарҳангии Тибён дар Кобул бо 52 кушта, ҳамла ба маркази омӯзишии Кавсари дониш дар Кобул бо 41 кушта, ҳамла ба донишгоҳи Кобул бо 22 кушта аз ҷумлаи иқдомоти террористӣ дар Афғонистон маҳсӯб мешавад .
Ва нуктаи охир инки агарчӣ бахши азими даргириҳову ноамниҳо дар Афғонистон дар солҳои ахир мутаваҷҷеҳи гурӯҳи Толибон аст, аммо аз манзари бархе коршиносони сиёсӣ, гурӯҳи Толибон дар ҳаводиси ахири Кобул, ки як минтақаи шиъанишин аст, нақше надоштааст ва зимни маҳкумияти ин ҳодиса, ДИИШ-ро масъӯли шанбеи хунини Кобул муаррифӣ кардаанд . Ба эътиқоди ин коршиносон гурӯҳи Толибон аслан акнун ниёзӣ ба ин ҳамалот надорад ва саъй дорад худро аз чунин хушунатҳое дур ва мубарро кунад, чаро ки онҳо беш аз ҳама дар 20 соли гузашта худро барои расидан ба қудрати сиёсӣ дар Афғонистон наздик мебинанд ва ин маъқулиятро доранд, ки барои ҳузуру ширкат дар қудрат ба маҳбубияту машрӯъияти мардумӣ ниёз доранд .
Дар маҷмӯъ бояд гуфт ба эътиқоди бисёре аз коршиносон пас аз шикасти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, нимҷазираи Ҳинд аз ҷумла кишвари Афғонистону Покистон беҳтарин гузина барои интиқоли нерӯҳои боқимондаи ДИИШ маҳсӯб мешавад . Агарчи ДИИШ дар ин минтақа пойгоҳи иҷтимоӣ надорад, аммо вусъати ҷуғрофиё, маводи мухаддир, ифротгароӣ, фақр ва дар ниҳоят наздикӣ ба Чин, Русия ва Эрон; кишварҳое ки давлати Амрико ба навъе бо онҳо сари ситез дорад, боис шуда то давлатмардони Амрико нерӯҳои ДИИШ-ро барои аҳдофи сиёсии худ ба ин минтақа гусел намоянд . Ба таъбири дигар ДИИШ, ки ба эътирофи мақомоти пешини Амрико махлуқи давлатмардони ин кишвар аст дар воқеъ дар ҳоли ҳозир коргузори ҷадиди Амрикоу бозигарони ғарбӣ дар минтақа аст . Ба баёни дигар агар чӣ гуруҳҳои афғонистонӣ то кунун бар сари тақсими қудрат ба як тасмими ниҳоӣ нарасиданд, вале ончи мусаллам аст инки дар ниҳоят ақвом, гурӯҳҳо ва аҳзоби сиёсии Афғонистон мутаносиб бо вазни сиёсии худ дар қудрати ояндаи Афғонистон нақш хоҳанд дошт. Аммо пур возеҳ аст бо хурӯҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон албата ҳарчанд тардидҳое дар бораи он матраҳ аст, мақомоти Кохи сафед ҳамчунон ба дунболи идомаи дахолатҳои худ дар ин кишвари мазлӯм ҳастанд ва ба ҳамин далел ДИИШ беҳтарин гузина барои аҳдофи Кохи сафед дар Афғонистон маҳсуб мешавад . Эҷоди ноамниҳо,иқдомоти террористӣ ва ҳаросафканӣ, доман задан ба ихтилофҳои қавмиятӣ, иқдомати мусаллаҳона дар марзҳои Афғонистон бо ҳамсоягони ин кишвар ва масойиле аз ин даст аз ҷумлаи иқдомоти эҳтимолии ДИИШ дар рӯзҳо ва моҳҳои ояндаи Афғонистон аст . Албата ин модели рафтории ДИИШ дар Афғонистон метавонад сабаб шавад бори дигар бархе ҳомиёни Амрико дар Афғонистон ба зарурати идомаи ҳузури нерӯҳои ғарбӣ дар ин кишвар доман бизананд . Ба ҳар тақдир дар ин марҳила, ки музокироти байни афғониҳо идома дорад ва ҳамзамон хурӯҷи тадриҷии низомиёни Амрико аз Афғонистон оғоз шудааст , иттиҳоду ҳушёрии мардуми Афғонистон дар канори мавозеъи усулии уламо ва хосони ин кишвар барои муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолӣ ва гузар аз шароити кунунии Афғонистон як зарурат маҳсуб мешавад .
Бештар бихонед :