Май 11, 2021 18:47 Asia/Dushanbe
  • Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар Чин бар зарурати пайбандии ду кишвар ба тавофуқи оташбас таъкид карданд
    Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар Чин бар зарурати пайбандии ду кишвар ба тавофуқи оташбас таъкид карданд

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳошияи дувумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шаҳри Сиан равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии вазорати хориҷаи Қирғизистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Қазоқбоев дар ин дидор дар бораи муносибатҳои ду кишвар, идомаи музокирот барои аломатгузории марзи муштарак ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз такрори муноқишаҳои марзӣ баҳсу табодули назар карданд.

Ду тараф бар зарурати пайбандии Бишкеку Душанбе ба тавофуқи оташбас дар марзи муштарак, худдорӣ аз ҳар навъ иқдоме, ки мӯҷиби шиддат ёфтан ихтилоф миёни сокинони ноҳияҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шавад ва ҳамоҳангсозии мавзеи ҳайатҳои музокиракунанда барои аломатгузории марзҳо таъкид карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Қазоқбоев эълом карданд, ки танҳо роҳи поён додан ба ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ ва ниҳоӣ барои аломатгузории марзи муштараки ду кишвараст ва зарурати суръатбахшидан ба ин раванд вуҷӯд дорад.

Бар асари даргирии мусаллаҳонаи рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 19 шаҳрванди тоҷик кушта ва 87 нафари дигар захмӣ шуданд.

Қирғизистон омори ин даргириро 36 кушта ва 200 захмӣ эълом кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп