Октябр 25, 2016 17:47 Asia/Dushanbe
  • Давлати Қирғизистон истеъфо дод

Ҳайъати давлати Қирғизистон, бадунболи хуруҷи Ҳизби сотсиал-демократ аз эътилофи парлумонии ин кишвар истеъфо дод.

Ба иттилои Ирно, сухангуи нахуствазири Қирғизистон имрӯз дар Бишкек дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард, ба зудӣ Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури ин кишвар номаеро имзо мекунад, ки то замони муаррифии кабинаи ҷадид, ҳамаи вазирони феълӣ барои анҷоми муваққатии вазоифи давлат дар мақомҳои худ боқӣ бимонанд .

Бар асоси ин гузориш, Жогорку Кенеш, ноиб раиси парлумон ва узви Ҳизби сотсиал- демократи Қирғизистон рӯз душанбе гуфт, ин ҳизб ба иллати ихтилоф бо шуракои худ бар сари ҳимоят аз тарҳи ислоҳи Қонуни асосӣ, аз эътилофи парлумонӣ канорагирӣ кардааст .

Ин тарҳ, ки бо пешниҳоди Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури Қирғизистон ва ҳимояти Ҳизби сотсиал-демократ матраҳ шудааст, ихтиёроти нахуствазирро дар бархе заминаҳо аз ҷумла барканорӣ ва интисоби вузаро ва устондорон афзоиш медиҳад .