Комиссияи муштараки аломатгузории марзӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон
(last modified Sun, 16 May 2021 14:15:37 GMT )
Май 16, 2021 19:15 Asia/Dushanbe
  • Комиссияи муштараки аломатгузории марзӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон
    Комиссияи муштараки аломатгузории марзӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон

Комиссияи муштараки Узбекистон ва Қазоқистон барои таъин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ дар шаҳри "Нурсултон" баргузор шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эки пресс, тарафайн дар ин дидор ба танзими тарҳҳои асноди ниҳоии аломатгузории марзҳои байнидавлатӣ дар қисмати устонҳои « Сирдарё» ва «Ҷиззах»-и Узбекистон  муҷовири устони «Туркистон»-и ҷумҳурии Қазоқистон идома доданд. 

Ҳамчунин қарордоди аломатгузории марзҳои байнидавлатии Узбекистон ва Қазоқистон  байни «Тошканд » ва «Остона » баррасӣ шуд. 

Бар асоси ин гузориш, музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар мавриди таъину аломатгузории марзҳои давлатӣ дар фазои  муассир ва дӯстона баргузор шудааст. 

Барномарезӣ шудааст, ки нишасти баъдӣ дар охири моҳи май дар Узбекистон баргузор шавад. 

Узбекистон ва Қазоқистон 2 ҳазору 203 километр марзи муштарак доранд. 
  
  
  Бештар бихонед: