Вогузории як пойгоҳи низомии дигари Амрико ба артиши Афғонистон
(last modified Mon, 17 May 2021 16:20:00 GMT )
Май 17, 2021 21:20 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои афғон қасд доранд, ки ин пойгоҳро ба унвони як маркази омӯзишӣ истифода баранд
    Нерӯҳои афғон қасд доранд, ки ин пойгоҳро ба унвони як маркази омӯзишӣ истифода баранд

Амрико як пойгоҳи низомии дигари худ дар шарқи Афғонистонро ба артиши ин кишвар вогузор кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним,   «Абдуқайюм  Раҳимӣ » волии Лугар дар шарқи Афғонистон  рӯзи душанбе гуфт: Низомиёни амрикоӣ пойгоҳи « Фоб Шанк»,  ки «Махруба» аст  ба нерӯҳои артиши Афғонистон вогузор карданд. 

  

«Абдуқаюм  Раҳимӣ » афзуд: Нерӯҳои афғон дар назар доранд то пас аз бозсозии ин пойгоҳ, аз он ба унвони як маркази омӯзишӣ истифода кунанд. 

Қаблан пойгоҳҳои Мурҳад дар ҷанубу ғарби Кобул, Энтони, Майк Спин ва пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор дар ҷануб ва шимоли Афғонистон ба ихтиёри низомиёни афғон дода шуда буданд.

Гуфта мешавад ин иқдомот бештар дар ҳадди ҷобаҷоии нерӯҳои Амрико аз як минтақаи Афғонистон ба минтақаи дигари ин кишвар аст ва ҳанӯз низомиёни Амрико, Афғонистонро тарк накардаанд. 

Раиси Ҷумҳурии Амрико «Ҷо Байден » ахир ваъда додааст низомиёни ин кишвар то қабл аз 11 сентябр аз Афғонистон хориҷ мешаванд. 

Мардум ва мақомоти Афғонистон борҳо  хурӯҷи низомиёни ишғолгари Амрикоиро аз кишварашон хостор шудаанд.

 

Бештар бихонед: