Такмили 20 дарсад аз раванди хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон
(last modified Wed, 19 May 2021 13:13:28 GMT )
Май 19, 2021 18:13 Asia/Dushanbe
  • Иёлоти муттаҳида ҳамчунин кантроли 5 таъсисоти низомиро ба ҳамтоёни афғон таҳвил додааст
    Иёлоти муттаҳида ҳамчунин кантроли 5 таъсисоти низомиро ба ҳамтоёни афғон таҳвил додааст

Фармондеҳии нерӯҳои Марказии Амрико мавсӯм ба "СЕНТКОМ" эълом кард, ки хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон беш аз 20 дарсад комил шудааст.

Ба гузориши ИРНА, фармондеҳии нерӯҳои Марказии Амрико (СЕНТКОМ) дар баёнияе дар вебсайти расмии худ эълом кард, ки фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳида тахмин мезанад. ки 13 то 20 дарсад аз раванди ақабнишинӣ ва хурӯҷи нерӯҳоро ба поён расидааст.

СЕНТКОМ дар идомаи ин баёния афзуд, артиши Амрико 115 ҳавопаймои ҳамлу нақли низомии C-17-ро аз Афғонистон хориҷ карда ва беш аз 5 ҳазор таҷҳизотро барои тахриб ва инҳидом таъин кардааст.

СЕНТКОМ таъкид кард, ки Иёлоти муттаҳида ҳамчунин кантроли 5 таъсисоти низомиро ба ҳамтоёни афғон таҳвил додааст.

Ҳамзамон бо хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, Маҷлиси намояндагони Афғонистон нисбат ба афзоиши ҷанг, куштор ва террорҳои ҳадафманд дар ин кишвар ва озодии эҳтимолии 7 ҳазор зиндонии Толибон ва хурӯҷи ғайримасъулонаи Амрико аз ин кишвар ибрози нигаронӣ карданд.

 

Бештар бихонед: