Ирсоли чаҳорумин бахши ваксинаи корона аз Чин ба Узбекистон
-
Ба таври куллӣ ба Узбекистон 3 миллиону 500 ҳазор дозаи ваксинаи чинӣ - узбекии ZF - UZ - VAC2001 алайҳи корона ирсол шудааст .
Чаҳорумин маҳмӯлаи ваксинаи коронаи маҳсули кишварҳои Чину Узбекистон вориди Тошканд шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс, чаҳорумин бахши ваксинаи чинӣ - узбекии ZF - UZ - VAC2001 алайҳи вируси корона шомили 500 ҳазор доза аз Чин ба Узбекистон ирсол шуд . Бахши аввали ин ваксина шомили як миллион доза дар 27 март, бахши дувум ба миқдори як миллион доза дар 27 апрел ва бахши сеюм ба миқдори як миллион доза дар 18 майи соли ҷории милодӣ аз Чин ба Узбекистон ирсол шудааст .
Ба таври куллӣ ба Узбекистон 3 миллиону 500 ҳазор дозаи ваксинаи чинӣ - узбекии ZF - UZ - VAC2001 алайҳи корона ирсол шудааст .
Пештар дар моҳи март 660 ҳазор дозаи ваксинаи ( AstraZenecaи CoviShield ) ва дар моҳи апрел 100 ҳазор дозаи ваксинаи русии « Спутник - V » алайҳи вируси корона ба Узбекистон ирсол шудааст .
Бар асоси омор теъдоди мубталоён ба корона дар Узбекистон ба 97 ҳазору 543 нафар расидааст .
Бештар бихонед :
• Ваксинаи чинии Ковид -19 муваффақиятомез буд