Май 20, 2021 21:20 Asia/Dushanbe
  • ин ду марказ дар истгоҳи роҳи оҳани Пахтаободи Тоҷикистон ва  Қудуқлӣ ( Узбекистон ) қарор дорад .
    ин ду марказ дар истгоҳи роҳи оҳани Пахтаободи Тоҷикистон ва Қудуқлӣ ( Узбекистон ) қарор дорад .

Ду дафтари бозрасӣ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ифтитоҳ шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони миллал, ин ду марказ дар истгоҳи роҳи оҳани Пахтаободи Тоҷикистон ва  Қудуқлӣ ( Узбекистон ) қарор дорад .

  Ашито Метол-раиси намояндагии Идораи Созмони Миллали Муттаҳид дар умӯри маводи мухаддир ва мубориза бо ҷароим дар Осиёи Марказӣ дар маросими ифтитоҳи ин ду бахш гуфт : Умедворем ин тарҳ дар хизмати тавсеъаи бештар ва ҳамкории муассиртар байни созмонҳои иҷрои қонуни ду кишвар кумак кунад ва мунҷар ба афзоиши амнияти марзҳо шавад .

Вай афзуд : Эҷоди дафотири таъомули марзӣ дар теъдоде аз истҳои бозрасӣ дар Осиёи миёна ба шаклгирии заминаи ҳамкории муассиртари байнимарзӣ ва ҳамчунин табодули иттилоот барои муқобилаи бештар бо ҷароими созмон ёфтаи фаромиллӣ кумак мекунад .

То кунун 19 маркази дафотири таъомули марзӣ ( OPV ) дар марзҳои Тоҷикистон – Афғонистон, Узбекистон – Афғонистон, Тоҷикистон – Узбекистон, Қирғизистон – Тоҷикистон, Қирғизистон – Узбекистон, Қирғизистон – Қазоқистон ва Қазоқистон - Узбекистон эҷод шудааст .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп