Қирғизистон фурӯши билети ҳавопаймо ба тоҷикҳоро мамнӯъ кард
(last modified Fri, 28 May 2021 14:13:56 GMT )
Май 28, 2021 19:13 Asia/Dushanbe
  • Идораи ҳавопаймоии шаҳрвандии Қирғизистон манъи билетҳо ба тоҷиконро аз 28 майи соли 2021 эътибор пайдо мекунад
    Идораи ҳавопаймоии шаҳрвандии Қирғизистон манъи билетҳо ба тоҷиконро аз 28 майи соли 2021 эътибор пайдо мекунад

Созмони ҳавопаймои кишвари Қирғизистон фурӯши билет ба шаҳрвандони Тоҷикистонро аз рӯзи ҷумъа 28 май мамнӯъ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи қирғизӣ Тозабек ( tazabek . kg ), созмони ҳавопаймои кишвари Қирғизистон эълом кардааст: « Мамнӯъ шудани фурӯши билети ҳавопаймо ба атбоъи Тоҷикистон  фармони ҳукумати Бишкек аст ва аз рӯзи ҷумъаи 28 май иҷро мегардад.»

Дар номаи ин созмон ба дафтарҳои ширкатҳои хадамоти ҳавопаймоӣ дар Қирғизистон таъкид шудааст, ки ин маҳдудият барои сафарҳои ҳавоӣ, заминӣ ва транзитии атбоъи Тоҷикистон ба кор гирифта шуда ва то замони таҷдиди назар  идома хоҳад дошт. 

 

Ин нома меафзояд: «Рафтуомад аз марз бо Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои ду кишвар ва аъзои хонаводаҳои онон, кормандони ниҳодҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбе ва Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ имконпазир аст.»

Қирғизистон ахиран марзҳои худро бо Тоҷикистон ба таври комил баст.

Ин кишвар инчунин 200 мусофири парвози душанбе ба Бишкеки ширкати Сомон Эйрро бозгардонд ва ба 100 мусофири дигари тоҷик низ, ки аз Русия  омада буданд, иҷозати вуруд ба қаламрави худро надод.

Дар пайи ин иқдомҳои Бишкек ду рӯз қабл Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост кард, ки аз ҳар навъ сафари ҳавоӣ, заминӣ ва транзити ба Қирғизистон худдорӣ кунанд.

 

Бештар бихонед: