Тадвини тарҳи оштии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи
(last modified Mon, 06 Mar 2023 13:48:13 GMT )
Март 06, 2023 18:48 Asia/Dushanbe
  • Тадвини тарҳи оштии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи
    Тадвини тарҳи оштии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи

Ширкаткунандагони иҷлос сарони қисмҳои низомии байналмилалии неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД пешниҳодҳоеро барои танишзудоӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон матраҳ ва тадвин карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Валерий Ревенко дастёри вазири дифоъ дар умури ҳамкориҳои низомии байналмилалии Реларус аз тадвини пешниҳодҳои бо ҳадафи танишзудоӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути мақомоти қисмҳои ҳамкории низомии байналмилалии неруҳои мусаллаҳи СПАД хабар дод.

Ба гуфтаи вай дар нишаст мақомоти қисмҳои ҳамкории низомии байналмилалии СПАД вазъияти низомӣ-сиёсӣ дар маҳдудаи ин созмон барраси ва руйдодҳои марбут ба ҳамкории низомии байналмилали дар чорчуби раёсати Беларус мушахас ва пешниҳодҳое дар мавриди танишзудоӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон тадвин шуданд.

Нишасти ҳамкории сарони қисмҳои низомии байналмилалии неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД ба мизбонии Мински баргузор шуд.

Даргирии марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сентиябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф беш аз 100 нафар кушта ва ҳудуди 400 нафари дигар маҷруҳ ва тақрибан 500 хона ва таъсисоти умуми вайрон шуданд.