Баррасии осонсозии рафтуомад миёни Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз марзбандии Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i68012-Баррасии_осонсозии_рафтуомад_миёни_Тоҷикистон_ва_Узбакистон_пас_аз_марзбандии_Қирғизистон
Масъулони наёлиётии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шароити баста шудани марзҳои муштараки Душанбе ва Бишкек, мавзӯи осонсозии рафту омади мусофирон ва васоили нақлияро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 01, 2021 09:22 Asia/Dushanbe
  • Тарафҳо дар бораи фаъолсозии ҳаракати васоили нақлиёт миёни ду кишвар баҳсу табодули назар карданд
    Тарафҳо дар бораи фаъолсозии ҳаракати васоили нақлиёт миёни ду кишвар баҳсу табодули назар карданд

Масъулони наёлиётии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шароити баста шудани марзҳои муштараки Душанбе ва Бишкек, мавзӯи осонсозии рафту омади мусофирон ва васоили нақлияро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ин мавзуъ ахиран дар Душанбе, дар дидори Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Абдулсамад Муъминов, муовини вазири нақлиёти Узбакистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафҳо дар ин дидор дар бораи фаъолсозии ҳаракати васоили нақлиёти ду кишвар, аз ҷумла автобусҳои мусофирбарӣ ва мошинҳои боркаш (комюнҳо) миёни ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.

Муовини вазири нақлиёти Узбакистон пешниҳод кард, ки заминаи рафту омади мошинҳои боркаши ин кишвар аз тариқи Тоҷикистон ба Чин низ фароҳам шавад.

Баррасии осонсозии рафту омади мусофирон ва васоили нақлияи Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе дар ҳоле анҷом шуд, ки Қирғизистон бо бастани марзҳои ҳавоиву заминии хеш бо Тоҷикистон, амалан иртиботи ҳамлу нақл бо Душанберо қатъ кард.

Пас аз даргирии хунини марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрел миёни марзбонони тоҷику қирғиз, ки беш аз 300 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, Қирғизистон марзҳои ҳавоиву заминии худро бо Тоҷикистони баст ва вуруди тоҷикҳоро мамнуъ кард.

 

Бештар бихонед: