Боздиди раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз маҳали мавриди муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон
(last modified 2021-06-05T09:40:29+00:00 )
Июн 05, 2021 14:40 Asia/Dushanbe
  • Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон
    Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, маҳаллеро, ки акнӯн Тоҷикистон дар он марзбон ва континерҳо мустақар карда, минтақаи мавриди “муноқиша” аст.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, изҳороти Тошиев пас аз боздид аз минтақаи мавриди “муноқиша” аз телевизиони Қирғизистон пахш шуд.

Ҷониби Қирғизистон даъво дорад, ки Тоҷикистон дар мавзеъи Унжу-Булоқи ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ӯш 1000 метар дар даруни ҳудуди ин кишвар континерҳояшро ҷобаҷо кардааст. Қирғизистон ин кори Тоҷикистонро нақзи тавофуқоти ҳосилшуда миёни ҳайатҳои ҳукуматии ҳар ду кишвар медонад.

Аммо Тоҷикистон ин иддаои Қирғизистонро бепоя медонад. Тоҷикистон мегӯяд, ки ин як минтақаи мушаххасшуда бар асоси протоколҳои муштараки ду тараф аст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз дар як изҳорот гуфт, ки "посбонони марзии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки пештар бар асоси пртоколи муштараки ду кишвар мушаххас, хатгузорӣ ва мувофиқа шуда буд. Марзбонони тоҷик қаламрави моро ҳимоя мекунанд ва ҷобаҷо кардани посбонони марзӣ бар асосии усули баробарӣ (паритет) сурат гирифтааст".

Тошиев баъди сафараш ба ин минтақа гуфт, ки ин мавзеи мушаххасшуда нест. "Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Вай таъкид кард, аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”.

Субҳи рӯзи 4-уми июн Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъ дар марз бо Тоҷикистонро “муташанниҷ” унвон кард.

Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки марзбонони тоҷик дар мавзеи баҳсӣ вагону контейнер гузоштаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 4-уми июн нашр шуд, нигаронии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро, ки гуиё марзбонони тоҷик дар минтақаи баҳсӣ "дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави ин кишвар, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, нодуруст хонд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп