Фатвои рӯҳониёни Узбакистон дар бораи садамаҳои ронандагӣ
Шӯрои рӯҳониёни динии Узбакистон суръати ғайримуҷозро муодили худкушӣ ва ҳаром эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ба нақл аз пойгоҳи хабарии “АвруОсиёНет”, пеш аз ин давлати Узбакистон ҳамзамон бо афзоиши нигарониҳо дар бораи хатароти рӯзафзуни садамаҳои ҷоддаӣ ва афзоиши маргумир, бархе иқдомоти сахтгиронаро дар ин бора ба иҷро гузошта буд.
Мақомоти динии Узбакистон низ барои беҳбуди эминии ҷоддаҳо, дар фатвои нав эълом карданд, тамомии қонунҳои роҳнамоӣ ва ронандагии ин кишвар бояд бар асоси қонунҳои Ислом бошад.
Бар асоси фатвои нави Шӯрои рӯҳониёни ин кишвар, аз он ҷое, ки иштибоҳи ронандагон метавонад зиндагии инсонҳоро ба хатар биандозад, анҷоми ҳар гуна хилофи муқаррароти ронандагӣ дар ин кишвар на танҳо ҷурм, балки гуноҳи шаръӣ низ маҳсуб мешавад.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Вазорати дохилии Узбакистон, дар соли 2020 дастикам ҳазору 962 нафар дар ҳаводиси ҷоддаӣ ҷони худро аз даст доданд, ки ин омор дар муқоиса бо солҳои гузашта афзоиш доштааст.
Бештар бихонед: