Июн 08, 2021 12:58 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки низомӣ мекунад 

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон кумаки билоивази Қазоқистон барои ирсоли 3 миллиону 240 адад анвои муҳиммоти ҷангӣ ба ин кишварро ташреҳ кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, сухангӯи Вазорати мудофеаи Тоҷикистон Фаридун Муҳаммадализода гуфтааст: Қазоқистон ба унвони муттаҳиди наздики Тоҷикистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ин миқдор муҳиммотро ба Душанбе ирсол мекунад.

Ин муҳиммот шомили гулӯлаҳои силоҳи Калашников ва хумпора хоҳад буд, ки интиқоли он аз Қазоқистон ба Тоҷикистон, аз тариқи роҳи оҳан бо ҳазинаи ҳукумати Қазоқистон анҷом мешавад.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба, Тоҷикистон ҳаққи фурӯши ин муҳиммот ба кишвари сеюмро надорад ва танҳо бояд барои таъмини ниёзи нерӯҳои мусаллаҳи хеш истифода кунад.

Созшномаи вогузории ин миқдор муҳиммоти ҷангӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар дидори Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо Аскар Мамин, ҳамтои қазоқистонии вай дар таърихи 17 апрели соли ҷорӣ имзо шуда буд.

Гуфта мешавад, кумаки Қазоқистон ба Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи тақвияти тавони Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои дифоъ аз марзҳои ин кишвар дар баробари таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон анҷом мешавад, ки дигар кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ мутааҳҳид ба расондани ёрии таслеҳотӣ ва таҷҳизотӣ ба Душанбе ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп