Ифтитоҳи сафҳаи тоҷикии нашрияи расмии ҳукумати Узбекистон
Нашрияи расмии ҳукумати Узбекистон сафҳаи тоҷикии худро ифтитоҳ кард.
Ба гузориши сомонаи “Yuz.uz/tj”, ҳадаф аз роҳандозии ин сомона иттилоърасонӣ аз таҳаввулоти Узбекистон ба забони тоҷикӣ барои тоҷикони дохили ин кишвар ва хориҷ унвон шудааст.
Ин нашрия ба теъдоди 80 ҳазор нусха мунташир мешавад, аммо теъдоди боздидкунандагони сомонаи интерентии он моҳона ба беш аз як миллионнафар мерасад.
Ин нашрияи расмии ҳукумати Узбекистон ба забонҳои русӣ, англисӣ ва қазоқӣ сафаҳоти ҷудогона дорад, ки акнӯн тоҷикӣ ба ин забонҳо низ изофа шуд.
Пас аз рӯи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон дар соли 2016 ҳукумати ин кишвар сиёсати қаблии даврони Ислом Каримовро канор гузошт ва барои барқарории равобити дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон иқдом кард.