Ирсоли маҳмӯлаи кумакҳои башардӯстонаи Узбекистон ба Афғонистон
Июн 12, 2021 17:39 Asia/Dushanbe
Узбекистон барои ҷилавгирӣ аз густариши корона дар Афғонистон ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона ирсол кард.
Ба гузориши АКИ Пресс, ин кумакҳо шомили 1000 капсулаи оксиген аст.
Ин маҳмӯлаи кумакҳои башардӯстонаӣ бино ба дархости давлати Афғонистон ирсол шуд.
Ин кумакҳоро намояндаи Афғонистон дар шаҳри Ҳайратон таҳвил гирифт.
Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Узбекистон дар Афғонистон дар ин маросим гуфт, пас аз шуюи корона дар Афғонистон маводи ғизоӣ ва дору ба ин кишвар ирсол шуд.
Ӯ афзуд, Узбекистон аз ин ба баъд низ омодаи ирсоли кумакҳои ҳамаҷониба ба Афғонистон аст.
Фарҳод Азимӣ, волии Балх низ гуфт, кумаки ирсол шудаи Узбекистон, нишонаи боризи равобити бародарӣ байни мардуми Афғонистон ва Узбекистон аст.