Баргузории мусобиқаи дучархасавории бонувон дар маркази Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i68704-Баргузории_мусобиқаи_дучархасавории_бонувон_дар_маркази_Афғонистон
Мусобиқаи дучархасавории бонувони Афғонистон дар вилояти Бомиёни маркази ин кишвар баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 14, 2021 09:15 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқаи дучархасавории бонувон дар маркази Афғонистон
    Баргузории мусобиқаи дучархасавории бонувон дар маркази Афғонистон

Мусобиқаи дучархасавории бонувони Афғонистон дар вилояти Бомиёни маркази ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Шафақнаи Афғонистон, ин мусобиқа рӯзи якшанбе байни  20 дучархасавор аз вилоятҳои Кобул ва Бомиён ба мизбонии Бомиён, дар минтақаи кӯҳистонӣ баргузор шуд ва дучархасаворон фосилаи 12 километрро аз масирҳои таъйиншуда паймуданд. 

Насрини Содот аз Бомиён дар ин рақобат, ба мақоми нахуст расид.

Ин мусобиқа дар ҳоле баргузор шуд, ки манотиқи мухталифи Афғонистон шоҳиди ҷангу даргирӣ байни аъзои гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои артиши ин кишвар аст.

 

Бештар бихонед: