Ишқобод - гаронтарин шаҳри ҷаҳон барои зиндагии шаҳрвандони хориҷӣ
Июн 23, 2021 20:50 Asia/Dushanbe
Ишқобод - гаронтарин шаҳри ҷаҳон барои зиндагии шаҳрвандони хориҷӣ муаррифӣ шуд.
Ба гузориши Аки Пресс, ин дар ҳоле аст, ки Ишқобод соли гузашта дар ҷойгоҳи дувум, пас аз Гонконг қарор дошт.
Пойтахти Туркманистон соли 2019 дар радаи ҳафтум, дар соли 2018 дар радифи 43 ва дар соли 2017 дар ҷойгоҳи 57 –и гаронтарин шаҳрҳои ҷаҳон қарор гирифта буд.
Коршиносон чунин ҷаҳише дар афзоиши ҳазинаҳои зиндагӣ барои хориҷиҳоро бо афзоиши нархи доллар ва қимати манот муртабит медонанд.
Бештар бихонед:
- Эҷоди нахустин ширкати киштиронии байналмилалӣ дар Туркманистон
- Талошҳои мақомоти Олмон ва Туркманистон барои густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ
Барчасп