Таъсиси ширкати муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Тоҷикистон ва Узбекистон аз тавофуқ бар сари таъсиси ширкати муштараки сармоягузорӣ бо сармояи аввалияи 12 миллион доллар хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, саҳми молии Узбекистон дар ин ширкат 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсад мебошад.
Ҳадаф аз таъсиси ширкати муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон иҷроӣ кардани тарҳҳои мухталифи иқтисодӣ дар қаламрави Тоҷикистон унвон шудааст.
Ба ин манзур интишори авроқи баҳодор, ихтисоси вом барои фаъолони бахши хусусӣ ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молии байналмилалии фаъол дар Тоҷикистон, аз ҷумлаи барномаҳои ин ширкат мебошад.
Ҳамчунин ҷазби сармояи хориҷӣ ба манзури афзоиши саҳҳомдорони ин ширкат, сохти корхонаҳои муштарак дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон ва вогузории вом ба муассисоти молӣ ва боэътибори ин кишвар аз дигар барномаҳои ширкати муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон унвон мешавад.
Мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2020 милодӣ ҳудуди 500 миллион доллар буд. Ҳамакнун дар Узбекистон 24 ширкат бо сармоягузории тоҷикон ва дар Тоҷикистон низ 9 ширкат бо сармоягузории Узбекистон фаъолият мекунанд.
Мақомоти ду кишвар эълом кардаанд, ки муомилоти тиҷории дуҷонибаро ба 1 миллиард доллар дар сол хоҳанд расонд.
Бештар бихонед: