Афзоиши ду баробарии даромади мардуми Тоҷикистон таи 5 соли гузашта
(last modified Thu, 20 Jul 2023 14:02:00 GMT )
Июл 20, 2023 19:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ду баробарии даромади мардуми Тоҷикистон таи 5 соли гузашта

Вазири иқтисоди Тоҷикистон бо таъкид бар инки сатҳи фақр дар ин кишвар ба таври қобили таваҷҷӯҳе коҳиш ёфта эълом кард, ки даромади мардум дар панҷ соли гузашта 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Завқӣ Завқизода дар маҷмаъи вазирони Созмони Миллал дар мавриди тавсеаи пойдор бо мавзӯи « Фурсате барои баргузории иҷлоси аҳдофи тавсеаи пойдор » тасреҳ кард, ки ки сатҳи фақр дар Тоҷикистон аз 31 дарсад дар соли 2015 ба 22 . 5 дарсад дар соли 2022 коҳиш ёфтааст
Вай афзуд : Даромади мардум дар панҷ соли гузашта 2.1 баробар шуда ва мутавассити рушди иқтисодии солона 7.3 дарсад аст.
Ӯ изҳор кард : Дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, омӯзиш, беҳдошту барқ низ дар ин кишвар беҳбуд ёфтааст.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар масоили ҷаҳонии обу иқлим пешрав аст.
Вазири иқтисоди Тоҷикистони ин дастовардҳоро натиҷаи иҷрои ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ ва барномаҳои иқдоми зидди буҳрон донист .
Ҳайати Тоҷикистон аз намояндагони кишварҳои узву созмонҳои молии байналмилалӣ дархост карданд, ки афзоиши кумакҳои молӣ ва фанниро барои дастёбӣ ба ин аҳдоф дар дастури кори 2030 қарор диҳанд.