Музокироти байналафғонӣ; Танҳо роҳи ҳалли убӯр аз чолишҳои Афғонистон
Гуфтугӯи сеҷонибаи ҳайатҳои афғону Эрон дар Теҳрон бо ҳадафи таҳаққуқи сулҳ дар Афғонистон бо такя бар музокироти байналафғонӣ баргузор шуд.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар “Твиттер” бо баёни инки Теҳрон дар канори мардуми Афғонистон истода аст навишт, вазорати хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе мизбони гуфтугӯи дӯстона ва пурмӯҳтаво бо намояндагони аршади Афғонистон буд.
Раёсати ҳайати сиёсии Афғонистон дар музокироти Теҳронро Юнус Қонунӣ, вазири умури дохилаи пешини Афғонистон ва раёсати ҳайати музокиротии гурӯҳи Толибонро Аббос Станакзай, муовини дафтари ин гурӯҳ бар ӯҳда доштанд.
Эрон ба унвони кишвари ҳамсояи Афғонистон ва дорои марзи тӯлонӣ бо ин кишвар, тавваҷуҳи вижа ба таҳаввулоти Афғонистон дорад, зеро ба сабаби иштирокҳои фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабии мардуми Эрону Афғонистон, таҳаввулоти ин кишвар барои Эрон муҳим аст.
Равобити хуби мардуми Эрону Афғонистон, рафту омади шаҳрвандони афғон ба Эрон ва ҳузур беш аз 4 даҳаи муҳоҷирони афғон дар Эрон, сабаб шудааст афғонҳо ба навъе Ҷумҳурии Исломии Эронро ватани дувум худ бидонанд.
Ин вобастагӣ ва таъсирпазирии амиқ сабаб шудааст, Эрон бо ҳассосият ва бо эҳтиром ба назар ва манофеъи мардум ва давлати Афғонистон, таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятии ин кишварро дар чорчӯби музокироти байналафғонӣ, пайгирӣ кунад.
Даъват аз ҳайати сиёсии давлати Афғонистон дар канори даъват аз ҳайати гурӯҳи Толибон барои ширкат дар музокироти сеҷонибаи Теҳрон, тавваҷуҳ, аҳамият ва эҳтироми Эрон ба манофеъи ҳамаи гароишҳои сиёсӣ дар Афғонистонро нишон медиҳад.
Эрон бозгашт ба мизи музокироти байналафғонӣ ва тааҳҳуд ба роҳкорҳои сиёсиро беҳтарин интихоб барои раҳбарону ҷараёнҳои мухталифи сиёсии Афғонистон медонад. Дар ҳамин чорчӯб, нишасти Теҳрон бо ҳадафи кумак ба тасреъи раванди гуфтугӯҳо байни гурӯҳҳои мухталифи афғон барои ҳаллу фасли муноқишоту буҳронҳои ҷорӣ дар Афғонистон баргузор шуд.
Ҳамонтавр, ки вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, акнӯн бо хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, дигар моние боқӣ нахоҳад буд, ки ҳамаи ҷараёнҳои сиёсии Афғонистон бо ҳам ояндаи сулҳомезу шукӯфо барои насли оянда тарсим кунанд.
Бо тавваҷуҳ ба қавмиятҳои мухталиф дар Афғонистон, нақшофаринии намояндагони ин қавмиятҳо дар ҳар музокирае марбӯт ба таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятии Афғонистон муҳим аст ва дар ин чорчӯб сафари ҳайати сиёсии Толибон ба Теҳрон маъно ва мафҳум пайдо мекунад.
Ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ дар Афғонистон аз ноҳияи ҳузури низомиёни Амрико дар он кишвар мутазаррир шуданд ва қавмиятҳои мухталифи мардумӣ дар Афғонистон ба Амрико эътимод надоранд. Ин масъала аҳаммияти пайгирии гуфтугӯҳои байналафғониро бо ҳимояти дӯстони воқеии Афғонистон бавижа Эрон барои сохтани Афғонистоне обод дар сояи сулҳу амнияти пойдор дучандон мекунад ва ба ҳамин сабаб, вазири хориҷаи Эрон, музокира бо намояндагони аршади Афғонистон дар Теҳронро пурмӯҳтаво арзёбӣ кард.
Бовари ҳамаи гурӯҳҳои сиёсии ҳозир дар саҳнаи Афғонистон ба роҳкори мусолиматомез бар асоси асли гуфтугӯи афғонистонӣ- афғонистонӣ, танҳо роҳи ҳали убӯри Афғонистон аз чолишҳои мавҷӯд ва расидан ба оромиши пойдор ва тарсими чашмандозе равшан барои мардуми Афғонистон аст.
Бештар бихонед:
- Гузориши вижа: Танишҳои дохилӣ дар Афғонистон дар замони музокироти сулҳи байналафғонӣ
- Шерхон -Бандар ба дасти Толибон афтод