Омодабоши Қазоқистон дар пайи авзои вахими Афғонистон
Нерӯҳои низомии Қазоқистон мутаасир аз таҳаввулоти амниятии Афғонистон дар ҳолати омодабоши комил қарор доранд.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, «Темур Дандикбоев» муовини вазирии дифои Қазоқистон дар бораи ташдиди авзоъи амниятӣ дар Афғонистон гуфт: Дар садади эъзоми як гурӯҳи низомӣ ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастем.
Дандикбоев афзуд: Дар сурати дархости яке аз тарафайн барои эъзоми нерӯ, тасмимгирӣ дар ин бора бо порлумон ва Шӯрои амнияти Ҷамъии Созмони Паймони амният ҷамъӣ аст.
«Алгез Ҳусейнов", сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати мудофиаи Қазоқистон низ хотир нишон кард: Дар апрел ва марти соли 2021 милодӣ ду тавофуқномаи дуҷониба бо Тоҷикистон ва сипас бо Қирғизистон дар заминаи ироаи кумакҳои билоивази низомӣ – фаннӣ ба имзо расиданд.
Ин мақоми Қазоқистон афзуд: Дар сурати тасвиб дар порлумони Қазоқистон, ниҳоди дифои Қазоқистон омодаи ирои кумак аст.
Ин дар ҳолест, ки авзоъ дар Афғонистон пас аз ақабнишинии нерӯҳои Нато ва Амрико вахим шудааст ва дар ҳоли ҳозир бахши умдаи марзи Афғонистон бо Тоҷикистони таҳти тасарруфи Толибон даромадааст.
Бар асоси барномаҳои Кохи Сафед, бисёре аз низомиёни амрикоӣ бояд то 11 сентябр ба таври комил ин кишварро тарк кунанд.
Бештар бихонед: