Имзои тавофуқномаи ҳамкории стратегии Қазоқистону Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i7060
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон тарҳи ҳамкориҳои стратегӣ миёни Қазоқистону Тоҷикистонро имзо кард. Ҳадаф аз имзои ин тавофуқнома баланд бардоштани сатҳи муносиботи Остона ва Душанбе унвон шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 01, 2016 19:05 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи ҳамкории стратегии Қазоқистону Тоҷикистон

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон тарҳи ҳамкориҳои стратегӣ миёни Қазоқистону Тоҷикистонро имзо кард. Ҳадаф аз имзои ин тавофуқнома баланд бардоштани сатҳи муносиботи Остона ва Душанбе унвон шудааст.

Ба мӯҷиби ин санади стратегӣ Остона ва Душанбе мутааҳҳид шуданд, ки аз истифодаи зӯр ё таҳдид дар баробари якдигар худдорӣ карда, барои тақвияти сулҳу амният дар сатҳи минтақаӣ, ҷаҳонӣ ва низ муқобила бо чолишу таҳдидҳои ҷории минтақаӣ ва байналмилалӣ талош мекунанд. Санади аввалияи ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ҳамроҳи панҷ санади ҳамкории дигар 14 моҳ пеш дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе миёни раҳбарони ду кишвар ба имзо расид. Дар он санад имзои ин тавофуқнома муҳимтарин ва нахустин санади ҳамкории роҳбурдии Душанбе ва Остона дар таърихи равобити ду кишвар, пас аз даврони истиқлоли Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 1991 унвон шуд.

Имзои асноде ҳамчун санади ҳамкории стратегӣ дар адабиёти сиёсӣ баёнкунандаи олитарин сатҳи ҳамкорӣ миёни ду бозигари байналмилалӣ аст ва он чӣ Душанбе ва Остонаро ба ин сатҳи ҳамкорӣ расондааст, раванди болоравии пешинаи муносиботи ду кишвар дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва роҳбурдӣ дар сатҳи минтақаию байналмилалӣ ва низ муносиботи дуҷониба аст. Имзои асноде назири санад дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар бахшҳои омӯзишу парвариш, фарҳангӣ, варзишӣ, кору муҳоҷират, таъмини амният, иттилоърасонӣ, ҳамкории вазоратҳои умури хориҷа ва дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишвар аз ибтидои истиқлоли ин ҷумҳурӣ ҳокӣ аз рӯйкарди мусбату ҳамкории рӯ ба рушд, албатта, ризояти ду тараф аз тавсеаи муносиботи ду тараф будааст ва акнун имзои санади ҳамкории стратегӣ ҳалқаи нопайдо дар робита ба собит кардани ин муносибот ба назар мерасад. Аммо ин ки чаро Назарбоев баъд аз як давраи 14-моҳа санади ҳамкории стратегии Остона ва Душанберо имзо кардааст, ба бархе авомили дохилию минтақаӣ бармегардад. Шояд дар бахши иллату авомили дохилӣ битавон ба зарурати гардиши кору тай шудани чархаи идорию қонунии чунин тавофуқҳое ишора кард, ки ниёзманди муқаддамоти лозим, аз ҷумла тасвиби ниҳоди қонунгузории Қазоқистон ва сипас имзои раисиҷумҳури ин кишвар ба унвони санади қобили иҷро аст. Дар буъди минтақаӣ низ бояд ба рақобати суннатии Қазоқистон ва Узбакистон ба унвони ду бозигаре, ки ҳамвора дар рақобат бо якдигар барои ҳидоят ва раҳбарии дигар ҷумҳуриҳои минтақа будаанд, ишора кард. Ҳамин мавзӯъ яке аз далоили аслии имзои аввалияи санади ҳамкории стратегии Қазоқистону Тоҷикистон будааст, аммо саросемагии кунунии Остона дар ниҳоӣ ва қонунӣ кардани ин тавофуқнома ба таҳаввулоти ҷорӣ дар кишвари Ӯзбакистон ба унвони кишвари рақиби Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ бармегардад, бавижа пас аз даргузашти Исломи Каримов ва рӯй кор омадани Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ҷадиду муваққати Ӯзбакистон рӯйкарди Тошканд дар ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои минтақа масири ба кулли мутафовит аз гузаштаро тай мекунаду раҳбарии Узбакистон дар пайи бозтаърифии муносиботи Тошканд бо ҷумҳуриҳои Осиёи Макарзӣ аст. Ин мавзӯъ ба иловаи рақобати суннатии Тошканду Остона дар раҳбарии ҷумҳуриҳои минтақа ва бозгашти Узбакистон ба ҳамкориҳои сиёсию амниятии минтақа ва низ талоши раҳбарии узбак барои хориҷ кардани ин кишвар аз инзивои эъломнашуда дар минтақа аслитарин далели саросемагии тарафи қазоқ дар ниҳоӣ кардани санади ҳамкории стратегии Остонаву Душанбе ба назар мерасад; рўӣкарде, ки нишондиҳандаи зинда шудани рагҳое аз рақобати Тошканду Остона ва афзоиши қудрати маневрии ҷумҳуриҳои заъифтари Осиёи Марказӣ дар ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию амниятии минтақаӣ аст.