Дархостҳо барои поёни ҷангу даргирӣ дар Афғонистон
(last modified Wed, 21 Jul 2021 12:19:41 GMT )
Июл 21, 2021 17:19 Asia/Dushanbe
  • Танҳо дар муддати 37 рӯзи даргирӣ 500 ғайринизомӣ дар вилояти Қундӯзи Афғонистон маълул шудаанд
    Танҳо дар муддати 37 рӯзи даргирӣ 500 ғайринизомӣ дар вилояти Қундӯзи Афғонистон маълул шудаанд

Мардуми вилояти Қундӯз, дар шимоли Афғонистон, дар як таҷаммуи умумӣ, поёни ҷангу даргириро дар кишварашон хостор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Шафақно”, таҷаммуъкунандагон, ки бозмондагони қурбониёну осебдидагони ҷангу даргирӣ дар вилояти Қундӯз буданд, дар ин гирдиҳамоии эътирозомез, аз ҳамаи тарафҳои даргир дар Афғонистон хостанд, ба ҷанги чандинсола поён диҳанд ва ба фикри сулҳи пойдор дар кишвар бошанд.

Оморе, ки танҳо аз 37 рӯзи ҷанг дар Қундӯз мунташир шуда, нишон медиҳад, ки ба дунболи ҳамалоти гурӯҳи Толибон ба шаҳристонҳои вилояти Қундӯз дастикам 500 ғайринизомӣ маълул шудаанд.

Гурӯҳи Толибон аз ду моҳи пеш, ҳамзамон бо эъломи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, ҳамалоти худро ба манотиқи мухталифи ин кишвар сахттар кардааст.

Нерӯҳои давлатии Афғонистон ҳам дар ҳоли муқобила бо гурӯҳи Толибон ҳастанд.

Бахшҳои васеъе аз хоки Афғонистон ба тасарруфи гурӯҳи Толибон даромадааст.

 

Бештар бихонед: