Июл 24, 2021 18:06 Asia/Dushanbe
  • Даргирии марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон

Сокинони тоҷик ва қирғизи навоҳии марзӣ дубора бо якдигар даргир шуданд.

Субҳи имрӯз, дар мавзеи марзии Қуммазори ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, миёни сокинони маҳаллӣ ва ҷониби қирғизҳо ҷанҷол сар зад. Ба гуфтаи манбаъ, ҷанҷол пас аз он сар задаст, ки марзбонони қирғиз монеи кори сокинони маҳаллӣ шудаанд.

Ба навиштаи сомонаи Тоҷвек, сокинон мехостанд ба василаи ҳашар мавзеи Қуммазорро тоза кунанд, аммо сарҳадбонони қирғиз монеи ин кор шуданд ва ба ҷониби Тоҷикистон тир холӣ карданд.

Аммо як духтур аз беморхонаи ҷамоати Чоркӯҳ ба ин сомона гуфт, ки “имрӯз, тахминан, соати тахмин 10:30  аз тарафи Қуммазор як сарбозро гирифта оварданд, маълум нест, ки чи хел ҷароҳат бардоштааст.  Дар пойи росташ захми тир дошт, мо дар беморхонаи марказии Чоркӯҳ ёрии аввалин расонидем ва ӯро гирифта ба шуъбаи травматологияи Беморхонаи марказии шаҳри Исфара гирифта бурданд. Ҷароҳатанш вазнин нест".

Даргирии навбатӣ дар марзи Исфара дар ҳолест, ки чанде пештар миёни марзбонони ду кишвар дар ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ҳам тирпаронӣ сурат гирифта буд. Расонаҳои Қирғизистон аз кушта шудани як марзбони қирғиз дар ин ҳодисаҳо хабар дода буданд.

 

Барчасп